Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Расулзода ва раиси вилоят Қ. Ҳакимзода ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ дар деҳаи Пушкини ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳия оғози расмӣ бахшиданд.

Ҳангоми шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки масоҳати бино 2304 метри кв. буда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки ҳаҷми маблағи сохтмони бино бо таҷҳизоташ 2595720 сомониро ташкил медиҳад. Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Мирзоев Ҷиёнхон сохта шудааст.

Иқтидори истеҳсолиаш то 2 ҳазор адад халтаи полиэтиленӣ дар як шабонарӯзро ташкил дода, зиёда аз 40 нафар сокини деҳа бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Добавить комментарий