28-уми август Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор мешавад, ки дар он Низономаи дастгоҳи МММО дар таҳрири нав баррасӣ мегарадад.

Дар асоси Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми августи соли 2017, таҳти №12 Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 28 августи соли 2017, соати 9:00 дар шаҳри Душанбе даъват карда мешавад.

Дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасии як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар назар дошта шудааст. 

Добавить комментарий