Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо ҷалби дигар воҳиду сохторҳои шаҳрдорӣ дар қаламрави шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза корҳои уфунатзудоӣ мегузаронанд, ки асосан  аз маҳлули гипохлорит кор мегиранд.

Микроноҳияҳои 34, 31, биноҳои баландошёнаи шаҳрвандон, таваллудхонаи шаҳрӣ, беморхонаи вилоятӣ ва беморхонаи касалиҳои сироятӣ низ аз поккорӣ   гузаштанд.

Як манбаи боэътимод мегӯяд, ки бо ибтикори раиси маҳаллаҳои атрофи шаҳр аз ҳар хона 20 сомонӣ маблағ ҷамъ карда, кӯчаву ҳавлиҳояшонро низ уфунатзудоӣ кардаанд.

– Ҳангоми роҳандозии корҳои беҳдоштӣ аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ва Шуъбаи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанд дар бораи риояи қоидаҳои беҳдошт, чӣ тавр худро бояд  аз ин вируси хатаровар дур нигоҳ дошт, дар бораи қоидаҳои пӯшидани ниқоб, шустушӯи дасту рӯй ва ғайра суҳбатҳои муфид  анҷом дода шуданд, – хабар дод дафтари  матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.

Добавить комментарий