Беморе, ки дирӯз аз беморхонаи вилоятӣ рухсат шуда буд, бо нашри як нома ба кулли пизишкон ва хайрхоҳон изҳори сипос кардааст. Ин номаро дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд расонаӣ кард.

Ӯ он қадар ваҳмнок набудани бемориро тасдиқ карда, аз он хурсандӣ намудааст, ки аз ин имтиҳон гузашту хатарро пушти сар кард.  Бемори шифоёфта вазъяташро чунин гуфт:” Ман дирӯз аз беморхонаи вилоятӣ, баъди табобати бемории каронавирус, муваффақона ҷавоб шудам. Вазъиятам хуб аст. Давраи табобат муътадил гузашт. Хушбахтона, он тасаввуре, ки мекардам, вуҷудамро азоб медод, чунин рух надод”.

Ин бемор аз коронавирус гап кушода,  ҳангоми  эҳсоси ягон аломати беморӣ дарҳол ба духтур муроҷиат карданро ҳатмӣ донистааст: “Каронавирус низ як бемории муътадил будааст, мисли зуком. Зуком ҳам оризаҳои хатарнок дорад. Ин ҳам ҳамин будааст. Духтурон гуфтанд, ки хушбахтона он сабук омадааст ва бурди ман дар он будааст, ки саривақт ба духтур муроҷиат кардам. Алҳол дар карантини хонагӣ зери назорати духтурони оилавӣ қарор дорам”.

Мавсуф бовар дорад, ки агар чораҳои эҳтиётиро риоя кунанд, азият намекашанд.

– Илтимос, мардум воҳима накунед, аз пайи ҳангома нашавед, гигиенаро риоя кунед, бисёр фикр накунед, зиндагиро ба пеш баред. Ҳар чи аст, бо хости Худованд амалӣ мешавад, – гуфтааст ӯ.

– Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба сардухтури шуъбаи андрология Манучеҳр Пулотов, духтурон Шарофиддин Назарқулов, Фарход Олимов, Шерзод Мамадрасулов, ҳамшираҳо Ойшахон Набиева, Матлюба Атамулоӣ, Мижгона Дадобоева, Робияхон, ҳамзамон ба поккорон Муборак Ёрматова, Ҷамилахон, Солиҳа, Дилбархон миннатдории самимонаи худро расонам. Илоҳо 100-сола шаванд. Холисона хизмат карданд. Дору барои дармон нахаридаам. Раҳмат ба ҳама, – изҳор доштааст ӯ.

Добавить комментарий