Пеш аз ғалабаи «Лион» бар «Ювентус» ва «Манчестер Ситӣ» бар «Реал Мадрид» дар Аврупо, дар ин сӯйи дунё, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе, дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бар дарвозаи «Нефтчӣ» аз Қирғизистон се голи беҷавоб зад.

Шаби дирӯз вохӯриҳои дидании футбол аз Душанбе оғоз ёфтанд ва дар Мадрид хатм шуданд. Нахуст футболбозони дастаи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон дар вохӯрии ҷавобии даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 интиқоми бохти худро дар бозии аввал аз ҳариф гирифтанд. Бозии якуми ин дастаҳо дар Қирғизистон бо ҳисоби 0:1 бар нафъи «Нефтӣ» ба анҷом расида буд. Барои хуҷандиён лозим буд, ки бо таносуби 2 гол пирӯзӣ ба даст оранд. Қисми асосии бозӣ бо натиҷаи 1:0 ба анҷом расид, ки голро Дилшод Бозоров зад ва довар ду қисми дигари иловагӣ зам кард. Дар қисмҳои иловашуда Дилшод Бозоров, ки сарвони дастаи «Хуҷанд» буд, боз ду голи дигар зад ва дастаашро ба пирӯзӣ бурд. Саҳми навбозигари «Хуҷанд» Фатҳулло Фатҳуллоев дар ин пирӯзии «Хуҷанд» зиёд буд.

Акнун «Хуҷанд» дар даври гуруҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 дар як гуруҳ бо дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Дордой» (Қирғизистон) ва «Олтин Асир» (Туркманистон) бозӣ мекунад. 11-уми март дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ду дастаи Тоҷикистон – “Истиқлол” ва “Хуҷанд” ба майдон мебароянд.

Сипас, дар Лигаи чемпионҳои Аврупо «Лион» (Фаронса) тавонист дар майдони худаш бар «Ювентус» (Итолиё) бо натиҷаи 1:0 ғолиб ояд. Голи ягонаро Лука Тусар ба нишон расонд.

«Манчестер Ситӣ» (Англис) тавонист матонат нишон диҳад ва бозии як бар сифри «Реал Мадрид» (Исплниё)-ро бо ҳисоби 1:2 бар нафъи худ анҷом диҳад. Ба голи задаи Иско дар дақиқаи 60-ум бозигарони «МС» Жезус ва Де Бруйне ҷавоб гардонданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here