24- 25-уми декабр филиали ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамкории Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш мусобиқаи вилоятии шашкаи русӣ ва шатранҷ байни нобиноён (мардон ва бонувон) роҳандозӣ кард.

Дар меҳмонхонаи «Эҳсон»-и шахри Хуҷанд  30 нафар варзишгар, ки аксаран маъюби  гурӯҳи I , II-и нобино ҳастанд, аз шаҳру навоҳии вилоят ба мусобиқа ҷалб шуданд. 9 нафар  иштирокчӣ – Қаноат Абдуғаниева, Саида Шерматова, Дилфуза Абдуғаниева,  Ҳамроқул Эркабоев,  Ғайбулло Муллоев, Абдуҳамид Сатторов, Ғафур Алиев, Аслон  Ҳайдаров, Икром Исломов бо диплом ва медали Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят  қадрдонӣ шуданд. Барои ғолибон ва дигар иштирокчиён аз шуъбаи минтақавии Бонки миллии Ҷумхурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, аз ҶСП бонки «Арванд» тӯхфахои хотиравӣ тақдим гардид.

– Ҳар сол гузаронидани мусобиқаи вилоятӣ анъана шудааст, – мегӯяд  Акрам Салимов, раиси филиали ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд. – Дар  робита ба ин нафарони имконияташон маҳдуд аз дастгириҳои ҳукумат бенасиб намемонанд, дар иқдоми «Асои сафед» раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба  1753 нафар маъюби гурӯҳи I , ки  нобино ҳастанд, дар ҳаҷми 300 сомонӣ ёрӣ дода буданд.

– Камбудии асосии иттиҳодияи мо ва корхонаи истеҳсолиамон набудани фармоиши давлатӣ ба маҳсулоти корхонаамон аст. Агар дар фурӯши онҳо (чангакҳои ҷомашӯйӣ, халтаҳои гуногун, торҳои ҷомашӯйӣ ва ҳоказо) ёрӣ медоданд, корамон боз ҳам пеш мерафт, –  гуфт зимни суҳбат раиси филиали ташкилот Акрам Салимов.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here