Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Асрор Шарифзода ва намояндаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Баҳодур Ёқубзода 15 нафар заҳматкашони ақибгоҳи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки феълан сокини шаҳр ҳастанд, аёдат карданд.

Ба онҳо   кӯмакпулии якдафъаинаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба маблағи 2000 сомонӣ, кӯмакпулии раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба маблағи 1500 сомонӣ  ва маводҳои ниёзи аввалия дастрас карда шуд.

– Таъкид гардид, ки омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корномаву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат баробари нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат, инчунин, ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии онҳо эътибори ҷиддӣ дода, дар ин самт ҳамасола кумак ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд. Дар шароити ноором ва бисёр мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки хатару таҳдидҳои нав дар бисёр кишвару минтақаҳои сайёра торафт вусъат пайдо мекунанд, тарғибу ташвиқи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба саҳифаҳои ибратбахши таърихи халқи тоҷик ва омӯхтани корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои Ватан барои таҳкими амну оромии ҷомеа, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва миллатгароиву нажодпарастӣ ниҳоят муҳим мебошад,- хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.

Добавить комментарий