Дар шаҳри Хуҷанд дар мавзуи «Огоҳонидани аҳолӣ аз хатари минаҳо» як ҳамоиш доир гардид.

Дар ин ҳамоиш намояндагони ҳукуматҳои маҳаллии шаҳру навоҳии ҳадафӣ, рӯзноманигорон, кормандони созмонҳои Салиби сурх ва Ҳилоли Аҳмар ширкат карда, аз фаъолияти кории худ маълумоти мухтасар доданд.

Таъкид шуд, ки мақсад аз ин ҳамоиш огоҳонидани аҳолӣ аз хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ буда, бояд сатҳи дониши сокинони шаҳру навоҳии ҳадафӣ дар ин самт баланд бардошта шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ тариқи ВАО ва кормандони соҳаи маорифу ҷамоатҳо пурзӯр карда шавад.

Кормандони созмонҳои Салиби сурх ва Ҳилоли Аҳмар аз самтҳои фаъолияти хеш ва барномаҳои амалкунанда гузориш дода, ширкаткунандагони ҳамоишро ба ҳамкории зич даъват карданд.

Ҷамъомади мазкур бо дастгирии созмонҳои Салиби сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Добавить комментарий