20 сайёҳи хориҷие, ки соли 2019 ба ноҳияи Ховалинг сафар доштанд, 50 хукро шикор кардаанд. Иҷозатномаи шикори ин ҳайвон 100 сомонӣ арзиш доштааст.

Зимни тасдиқи ин хабар директори хоҷагии ҷангали ба номи Сайдаҳмад Каримови ноҳияи Ховалинг Азизуло Муродов гуфт, дар 8 моҳи соли 2019 ба ноҳия 20 сайёҳи хориҷӣ аз кишварҳои Испания, Италия ва Германия боздид намуда, онҳо дар ин сафари худ барои шикори  50 хук иҷозатнома гирифта, ин миқдор ҳайвонро шикор карданд.

Ба иттилои ӯ, айни замон дар кӯҳҳои ноҳияи мазкур беш аз 10 ҳазор хук ба қайд гирифта шудааст. Барои як сари онро шикор кардан  бо нархи 100 сомонӣ иҷозатномаи шикор гирифта мешавад.

Дар кӯҳу ҷангалзорҳои ноҳияи Ховалинг қариб ҳама намуди ҳайвоноти ваҳшӣ мавҷуд мебошанд. Машҳуртарин ҳайвон дар кӯҳҳои ин ноҳия оҳуи сибирӣ мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here