Дар ноҳияи Ховалинг 4 деҳае, ки дар он 88 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд, аз рушноӣ маҳрум ҳастанд. Орзуи ягонаи сокинони деҳаҳои  Охтош, Қалаи Сурх, Дишех ва Боғчаи 2 дидани рушноии барқ дар хонаҳояшон аст, зеро солҳост аз истифодаи неруи барқ маҳрум мебошанд.

Вобаста ба ин мушкил сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Ҳовалинг Сайвалӣ Судуров гуфт, дар ҳақиқат сокинони 10 деҳа аз истифодаи қувваи барқ маҳрум буданд, вале бо талошҳои ширкати «Барқи Тоҷик»,  ҳукумати ноҳия ва сокинону соҳибкорон ба деҳаҳои Дараи Ҳавз, Буғдояк,  Момайи, Куҳан ва Тутак  хатти барқи хушсифати доимӣ кашонида шуд.

Ӯ аз он нигаронӣ кард, ки  ҳоло дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг 4 деҳа, аз ҷумла деҳаи Охтош — 22 хоҷагӣ, деҳаи  Қалаи Сурх — 8 хоҷагӣ,  деҳаи Боғчаи 2 — 46 хоҷагӣ ва деҳаи Дишех — 12 хоҷагӣ  иқомат доранд, ки  онҳо аз истифодаи қувваи барқ  ба пурагӣ маҳрум ҳастанд.

Сайвали Судуров, зикр кард, ки  сабаби таъмин набудани 4 деҳа дар ҳудуди ноҳия набудани маблағ аст. Гуфта мешавад, ки мақомоти маҳалли ноҳияи Ховалинг кушиш доранд, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ин 4 деҳаро бо барқ таъмин созанд.

Добавить комментарий