Дар ҳудуди вилоят соли 2019-ум 619 ҳолати фавқулодаи дороӣ хусусиятҳои гуногундошта ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 137 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расида, 343 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.  Маблағи умумии зарар 15 миллиону 395 ҳазору 991 сомониро ташкил медиҳад.

Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Сулаймон Исозода,  имрӯз дар нишасти хабарӣ, қайд кард, ки  ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиидошта 6 ҳолат ба қайд гирифта шуд, ки маблағи умумии зарари расонидашуда 13 миллиону 39 ҳазору 823 сомониро ташкил медиҳад, дар натиҷа 2 нафар шаҳрвандон (дар ноҳияҳои Панҷ ва Хуросон) вафот карданд.

— Ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти техногенӣ дошта дар соли рафта 613 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 135 нафар ба ҳалокат расида,  343 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Маблағи умумии зарар 2  миллиону 356 ҳазору 168 сомониро ташкил медиҳад, — илова кард Сулаймон Исозода.

Дар нишаст гуфта шуд, ки давоми соли 2019 дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ҳангоми оббозӣ ва бемаъсулиятии падару модарон, инчунин, бо сабабҳои муноқишаҳои оилавӣ ва гирифтор будан ба касалии руҳӣ 24 нафар шаҳрванд дар кулу канал ва дарёҳои ҳудуди вилоят ғарқ шуда, ба ҳалокат расиданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here