Дар вилояти Хатлон то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давалатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад сохтмони 300 майдончаи варзишӣ ва 80 толори варишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Мудири баъши варзиши Райёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Алишер Гулов иттилоъ дод, ки танҳо дар се моҳи авали соли 2019-ум дар вилоят 20 майдонча, як маҷмаи варзишӣ ва 2 толори варзишӣ бунёд карда шудааст.

— Дар ин давра  варзишгарони вилоят дар 12 мусобиқаҳ ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, 53  медали тилло, 52 медали нуқра ва 72 медали биринҷиро соҳиб шуданд. Ҳамчунин, варзишгарони вилоят дар 5  мусобиқаи  байналмилалӣ  иштирок карда, 21 медал ба даст овардаанд, ки аз он 9 медали тилло, 5 нуқра ва 7 медали биринҷӣ мебошад, — афзуд Алишер Гулов

Дар маҷмуъ варзишгарони вилоят аз мусобиқаҳои  ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори  204 медал гардидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 26 медал зиёд мебошад.

Зикр шуд, ки ҳоло дар вилояти Хатлон барои ҷавонон 3103 майдончаи варзишӣ, 526  толор, 32 ҳавзи шиноварӣ, 34 варзишгоҳ, 7 маҷмааи варзишӣ, 50 толори машқи бадан, 9 нуқтаи тир ва 159 толори билиярдбозӣ мавҷуд мебошад. Аз 3103 майдончаҳои варзишӣ 423  майдончаш ҳоло  сертифакати истифодаи замин надоранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here