Дар вилояти Хатлон давоми 10 моҳи соли равон 2 ҳазору 191 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин шумора нисбати ҳамин давраи соли гузашта 231 ҳолат зиёд аст.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода охири моҳи гузашта дар анҷумани занони сарвар, ки дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, аз зиёд ҷудо шудани оилаҳо изҳори ташвиш карда, аз занони фаъол даъват ба амал овард, ки дар пешгирии ҷудошавии оилаҳо саҳмгузор бошанд.

Ба гуфти раиси вилоят, аз  шумораи ҷудошавии оилаҳо 1 ҳазору 704 ҳолат бо ҳалномаи суд, дар 480 ҳолат бо аризаи ҳамсароне, ки аз зиндагии якҷо соҳиби фарзанд нашудаанд ва дар 10 ҳолат бо аризаи яке аз ҳамсарон аз ҳам ҷудо шудаанд. Баъди пошхурии оилаҳо 2 ҳазору 142 кӯдак аз муҳаббати умумии волидон маҳрум шудаанд.

Добавить комментарий