Дар вилояти Хатлон соли гузашта 1305 ҷиноят аз тарафии ҷавонон содир шудааст, ки ин рақам нисбати соли 2017-ум 285 ҳолат кам аст.

Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Фариза Абдуллозода зимни нишасти хабарӣ гуфт, бештари ҷиноятҳои содиршуда аз тарафи ҷавонон дуздӣ ва авбошӣ мебошад. Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки бар замми ҷинояткорӣ миёни ҷавонон дастовардҳои онҳо дар соли 2018 хеле зиёд аст.

— Ҷавонони вилояти Хатлон соли гузашта аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 1967 медал ба даст овардаанд, ки аз ин 582 медали тилло, 564 медали нуқра ва 821 медали биринҷӣ мебошад. Ин рақам нисбати соли 2017-ум 105 медал зиёдаст, — илова кард сардори Раёсати мазкур.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар вилояти Хатлон 1 миллиону 83 ҳазору 8 нафар ҷовон ба қайд гирифта шудаанд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Добавить комментарий