Баҳри иҷро накрадани нақшаи андоз дар шаш моҳи соли равон чор нафар роҳбарони нозироти андози ноҳияҳои вилояти Хатлон аз вазифа сабукдуш шуданд.

Дар ин бора сардори Раёсати андози вилояти Хатлон Соҳиб Раҷабов зимни нишасти матбуотиаш хабар дод.  Ба гуфтаи ӯ, ин нафарон роҳбарони нозиротҳои андози ноҳияҳои Вахш, Шаҳритӯс, Дӯстӣ ва ноҳияи Носири Хусрав мебошанд.

Ҳамчунин манбаъ қайд намуд, ки 174 миллион сомонӣ қарзи андоз дар вилоят вуҷуд дорад, ки ин қарзҳо ба шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ёвон, шаҳри Кӯлоб, Восеъ, Фархор ва Ҳамадонӣ рост меоянд.

Бо нигаронӣ ӯ қайд намуд, ки аз иҷроиши нақшаи андоз 5 ноҳия — Абдураҳмони Ҷомӣ, Панҷ, Ёвон, Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ ва Фархор баромада натавонистанд, ки аз ин ҳисоб ба буҷет 8,2 миллион сомонӣ ворид карда шуд.

Добавить комментарий