Соли 2018 дар  фаъолияти раёсатҳои молияҳои ноҳияҳои Вахш, Ёвон ва Фархор камбудиҳо ҷой дошта, тибқи таҳлилҳо уҳдадориҳои андози худро аз руйи ҳаҷми даромадҳо дар назди буҷет ба маблағи 13,5 милион сомонӣ таъмин карда натавонистанд.

Сардори Сараёсати молияи вилояти Хатлон Бахтиёр Назарзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки  тибқи таҳлилҳои раёсатҳои молияи вилоят маълум гардид, ки  аз фонди музди меҳнат ноҳияҳои Ёвон, Панҷ, Фархор, Вахш қарздор буданд ва ин мушкил то 25 январи соли ҷорӣ  бартараф карда шуд.

Манбаъ афзуд, ки соли гузашта аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар 6 шаҳру ноҳия, аз ҷумла ноҳияи Вахш, Кушониён, шаҳри Кулоб ва дигар ноҳияҳо тафтишҳои молиявӣ гузаронида шуда, ба маблағи 9,7 млн сомонӣ ва аз тарафи Палатаи ҳисоб тибқи санадҳои санҷишӣ 1,1 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд, ки тибқи нақша пурра ба буҷаи давлат пардохт гардид.

Аз ин маблағҳои ошкоршуда, беш аз 2 миллионаш аз Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Вахш мебошад.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Добавить комментарий