Дар 10 моҳи соли равон 3 ҳазору 512 нафар сокини вилояти Хатлон аз ҳайвонҳо осеб дидаанд, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 24 ҳолат зиёд аст.

Тибқи иттилои расида аз беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов сокини 49-солаи ноҳияи Вахш Маҳмадҷон Мирзоев ахиран дар пайи  осеб дидан аз саги дайду ба ҳалокат расидааст. Гуфта мешавад, ки пас аз хамлаи саг Маҳмадҷон Мирзоев ба бемории ҳорӣ гирифтор шуда, билохира вафот кардааст.

Хоҳари фавтида Тиловат Мирзоева дар як тамоси телефонӣ гуфт, ки бародари ӯро як саги дайду моҳи июн дар манзили истиқоматиааш осеб расонидааст. Ҳарчанд доруву дармони лозимиро гирифтааст, аммо  вазъаш беҳ нашуда, рӯзи 31 октябри соли равон вафот кардааст.

Бино ба гуфтаи муовини сардори назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Икром Барфаков дар 10 моҳи соли равон  3 ҳазору 512 нафар сокини вилояти Хатлон аз ҳайвонҳо осеб дидаанд, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 24 ҳолат зиёдаст.

— Осебдидагон бештар аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз, Дустӣ, Шамсидин Шоҳин, Ҳамадонӣ ва Ховалинг  мебошанд,- илова кард ӯ.

Сокинони вилояти Хатлон аз зиёд шудани сагҳои дайду дар кӯчаву хиёбонҳои  шаҳру ноҳияҳои вилоят изҳори нигаронӣ намуда, аз масъулон хоҳиши безарар гардонидани онҳоро талаб доранд.

Добавить комментарий