Соли гузашта барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон 147 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 61 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.

Прокурори вилояти Хатлон Маҳмудзода Насрулло дар нишасти хабарӣ гуфт, ҳарчанд зиёда аз 13 сол мешавад, ки қонуни мазкур дар кишвар амалӣ мешавад, мутаассифона, ҳоло ҳам аз ҷониби сокинон риоя нашудани ин қонун ба чашм мерасад.

— Сокинон муддати баргузории маъракаҳои худро зиёд мекунанд, пул мечаспонанд ва ё ба вайрон кардани теъдоди таомҳо даст мезананд, — афзуд ӯ.

— Ҳангоми гузаронидани санҷишҳои прокурорӣ соли 2019-ум 308 ҳолати қонунвайронкунӣ дар самти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ошкор карда шудааст. Барои бартараф кардани онҳо 72 санади эътиноии прокурорӣ бароварда шуда, 147 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаву ҷаримабандӣ гардида ва 61 нафари дигар ба ҷавобгарии интизомӣ  кашида шудаанд, — илова кард прокурор.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here