Дар кӯлу дарёҳои  вилояти Хатлон дар 7 моҳи соли равон  23 нафар ҳангоми оббозӣ ғарқ шудаанд, ки аз ин 12 нафар ноболиғонанд. 

Сардори бахши кор бо ҷомеаи  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон Муродҷон Муҳиддинов омили асосии ғарқшавии сокинонро дар кам будани ҳавзҳои шиноварӣ, шиновар набудани наврасону ҷавонон ва  оббозӣ дар ҷойҳои хавфнок арзёбӣ кард.

Бино ба иттилои расида аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ҳоло дар вилоят 32 ҳавзи шиноварӣ ҳаст, ки қисмати зиёди онҳо дар ҳолати нохуб қарор доранд.

Ба гуфти масъулони ин ниҳод, то соли 2021 сохтмони ҳавзҳои шиноварӣ дар шаҳри Бохтар 12 ва дар ноҳияи Ёвон 1 адад ба нақша гирифта шудааст. Дар 13 шаҳру ноҳияи дигари минтақаи Бохтари вилояти Хатлон масъулин то ҳол барои бунёди ҳавзҳои шиноварӣ иқдоме нагирифтаанд.

Гуфта мешавад, ки аз ҷамъи умумии ҳавзҳои шиноварие, ки дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон фаъолият мекунанд, ҳамагӣ 5 ададаш дар ҳолати хуб қарор дошта,  боқӣ 19 ҳавзи дигар дар ҳолати ногувор буда, ба таъмир ниёз доранд.

Аз ин Раёсат бо нигаронӣ гуфтанд, ки дар  ноҳияҳои Ҷайҳун, Хуросон, Дӯстӣ ва Носири Хусрав ҳавзи шиноварӣ тамоман вуҷуд надорад.

Зимни нишастҳои матбуотӣ дар масъалаи бунёди ҳавзҳои шиноварӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳо суол пешниҳод карда шуд, ки оё бунёди ҳавзҳои шиноварӣ ба нақша гирифта шудаанд. Дар ҷавоб қариб ҳамагӣ гуфтанд, ки ба нақша гирифта нашудааст, аммо ба нақша хоҳанд гирифт.

Бояд масъулин дар масъалаи бунёди ҳавзҳои шиноварӣ таваҷҷуҳи бештар кунанд, зеро вилояти Хатлон яке аз гармтарин минтақаҳои кишвар буда, ҳамасола бо сабаби набудани ҳавзҳои шиноварӣ дар фасли гармо даҳҳо нафар дар рӯдхонаҳо ғарқ мешаванд.

Добавить комментарий