Дар муассисаҳои таьлимии вилояти Хатлон ҳоло 22 ҳазору 149 компютер мавҷуд аст, ки аз он 3700 ададаш корношояму таъмирталаб аст.

Бино ба иттилои директори маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон Акмал Нурализода, аз ҳама бештар компютерҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Ҷайҳун, Восеь, Данғара, Кӯшониён ва шаҳри Леваканд корношояманд.

Ӯ, ҳамчунин, афзуд, дар чор моҳи соли 2019-ум 360 компютери мактабҳо таъмир шудаанд ва бояд то охири сол 2 ҳазори дигар таъмир карда шаванд.

Дар ҳақиқат ,зимни сафарҳои кории хабарнигори “Фараж” ба шаҳру ноҳияҳои Леваканд, Ҷомӣ, Ҷайҳун, Носири Хусрав ва ноҳияи Вахш хонандагону омӯзгорон аз фарсудагии компютерҳо дар муассисаҳоӣ таълимии худ зиёд шиква мекарданд.

Масьулони маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсатӣ маорифи вилояти Хатлон иқдоми таъмири копютерҳоро бори аввал дар вилоят роҳандозӣ карда, нақша доранд, марҳила ба марҳила 3700 компютери фарсудаи мактабҳоро таъмир кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here