Бо наздик шудани иди Қурбон дар бозорҳои маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар нарху навои маҳсулоти озуқа, сабзавот, полезӣ ва шириниҳо дандоншикан шудаанд. Аз ҷумла, гӯшт, ки ба он талаботи мардум дар ин рӯзҳо зиёд мешавад, ба 50 то 60 сомонӣ баробар шудааст, ки ин  боиси ташвиши сокинони ин минтақаи кишвар гардидааст.

Ҳамасола бо фаро расидани идҳои Рамазон ва Қурбон дар бозору мағозаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла, вилояти Хатлон нархи маҳсулоти ниёзи мардум то андозае аз тарафи  соҳибкорон боло бурда мешаванд, ки ин амали онҳо мардумро нигарон мекунад.

Сокини ноҳияи Кушониён Фахридин Қурбонов, ки бегоҳи рӯзи 8-август барои хариди дастурхони идона ба бозори Фаровони шаҳри Бохтар рафта буд, бо нигаронӣ гуфт, ки соҳибкорони ин бозор нархи як килограмм гӯштро то ба 60 сомонӣ боло бурдаанд.

— Нархи харбуза, тарбуз, меваҷот ва дигар намуди анвои хӯрокворӣ  низ дар ин бозор хеле баланд  шудааст, — илова кард мусоҳиби мо.

sdr

Фахриддин Қурбонов бо далели баланд будани нархи маҳсулоти хуроквориву сабзавот натавонистааст, маҳсулоти лоизмаашро барои дастархони идона харидорӣ кунад.

Мисли Фахриддин садҳо сокини дигар аз баланд рафтан,  ё ба қавле дандоншикан шудани нархи маҳсулоти аввалиндараҷа дар бозорҳои шаҳри Бохтар дар арафаи идҳо, шикоят карда, аз масъулони сохторҳои дахлдор, ки дар танзими нархҳои бозор саҳм доранд, тақозо доранд, ки ба доди мардум расандк нархҳоро ба танзим дароранд.

Муовини директори бозори ҶДММ «Фаровон – Қӯрғонтеппа»-и шаҳри Бохтар Раҷаб Каримов зимни суҳбат зикр кард, ки аз субҳи имрӯз дар бозор гуруҳи вижае аз ҳисоби ташкилоту идораҳои дахлдор ташкил шудаасту, нархҳоро танзим кардаанд. Ӯ гуфт: «Агар рафту соҳибкорон худсарона нархро баланд созанд, ҷарима карда мешаванд». Ба гуфти ӯ ҳоло дар бозор нархи як килограмм гӯшт 45 сомонӣ муқаррар шудааст.

Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода, зимини нишасти матбуотиаш ба суоли хабарнигори «Фараж», ки то куҷо нарху навои бозорҳо дар арафаи иди Қурбон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии шаҳр назорат карда мешаванд, чунин посух дод:

«Бозор бозор аст. Барои ба танзим даровардани нарху навои  он гурӯҳи корӣ фаъолият мекунад, аммо, мутассифона, баъзе аз соҳибкорон аз омадани ид истифода карда, нарху наворо худсарона баланд мебардоранд. Барои ба танзим даровардани нархи навои бозорҳои шаҳр тибқи супориши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати шаҳр тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ кардааст».

Мутассифона, аз мушоҳидаҳои худ дар бозор ва суҳбат бо чанде аз сокинон, маълум гашт, ки кори гуруҳи ташкилнамудаи ҳукумати шаҳр ва дигар сохторҳои марбута, барои ба танзим даровардани нархи навои бозорҳо дар арафаи иди Қӯрбон натиҷа надодааст.

Добавить комментарий