Соли гузашта дар натиҷаи гузаронидани амалиёти назоратӣ аз тарафи кормандони Раёсати хадамоти муҳоҷират 11 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маьмурӣ аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ошкор карда шудааст.

Дар нишасти Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон муовини сардори хадамоти мазкур Қирғизбек Зокиров гуфт, ки  нисбати 11 нафар шаҳрванди хориҷӣ бо модаи 103, қисми 3  парвандаи маъмурӣ оғоз карда шуда, онҳо ба мабағи 11200 сомонӣ  ҷарима шудаанд.

Гуфта шуд, шаҳвандони хориҷие, ки ҷарима шуданд аз Чин, Молдавия ва Афғонистон мебошанд.

Ҳоло дар вилояти Хатлон 41 субъекти хоҷагидорӣ дорои иҷозатномаи ҷалби қувваи кории хориҷа ба қайд гирифта шудааст. Дар ин субъектҳо 841 нафар шаҳрванди хориҷӣ, ки аз ин шумора 787 нафар мард ва 54 нафар зан ҳастанд, фаьолият доранд.

Дар ин субъектҳо 3140 нафар шаҳрванди Тоҷикистон кор ва  фаьолият доранд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here