Баланд шудани нархи маҳсулоти ниёзи мардум, аз ҷумла гӯшт, дар бозору фурӯшгоҳои вилояти Хатлон сокинонро нигарон кардааст.

Дар бозору фурӯшгоҳҳои вилояти Хатлон бо фаро расидани моҳи Рамазон нархи маҳсулоти ниёзи мардум гарон шудааст. Аз ҷумла, нархи гӯшт, ки дар ин моҳ талаботаш зиёд мешавад, аз 35 ба 40-45 сомонӣ расидааст.

Сокинони вилоят бо изҳори ташвиш гуфтанд, ки ба замми баланд шудани нархи гӯшт  соҳибкорон ба дохили он равған, дилу ҷигар, поча, устухон, лаб ва дигар узвҳои чорворо ҳамроҳ мекунанд, ки ҳамагӣ аз як килограмм гӯште, ки бо нархи 40-45 сомонӣ харидорӣ мекунӣ, 30 дарсадашро гӯшти тоза ташкил медиҳад.

Фурӯшандагони гӯшт омилии баланд шудани нархи гӯштро аз гаронии хӯроки чорво ва худи чорво, ки дар бозори мол ҳоло арзишаш афзудааст, рабт медҳанд.

Добавить комментарий