Дирӯз, 11-уми май, дар Бемористони клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон собиқ роҳбари бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода ва як рӯз пешаш писари ӯ фавтиданд.

Аз  Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар  хабар доданд,ки Руҳулло Ҳакимзода аз бемории илтиҳоби шуш вафот кардааст.

Ба иттилои расида, рӯзи 10 май писари 25-солаи Руҳулло Ҳакимзода низ дар ҳамин беморхона ва аз ҳамин беморӣ фавтида буд.

Бояд гуфт, ки Руҳулло Ҳакимзода дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таваллуд шуда, солҳои зиёд дар соҳаи молия то вазифаи сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон кор кардааст. Ҳамчунин, соли 2008 муовини раиси вилоят, соли 2010 раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, соли 2012 то 2013 муовини вазири молия, солҳои 2013-2014 директори Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, соли 2014 муовини раиси БДА “Амонатбонк” ва аз соли 2015 то 2019 дар вазифаи раиси БДА “Амонатбонк” фаъолият кардааст.

Добавить комментарий