Чанде пеш дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар «Рӯзи даъватшаванда» баргузор гашт ва дар ин рӯз 700 ҷавон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ пайвастанд.

Дар ин руз даъватшавандагон аз назди комиссариати ҳарбии вилоят то майдони варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав қадамзании низомӣ карданд.

Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон зимни сухани табрикиаш зикр кард, ки заминаи асосии таъмини бехатарӣ ва амнияти давлат, ҳимояи марзу бум ва сулҳу суботи кишвар дар ҳама давру замон артиш буд ва то абад мемонад.

– Дар давраи мавҷудияташ Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол собит кард, ки ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат дар таъмини сулҳу субот нақши муассир дорад, – гуфт ӯ.

Раиси вилояти афзуд, ки ноҳияҳои Носири Хусрав, Шамсиддин Шоҳин ва шаҳри Норак  дар рӯзи авали даъвати баҳорӣ сад дар сад аз иҷрои нақша баромаданд.

Дар фарҷом ба ҳамаи даъватшудагон, ки сафашон ниҳоят зиёд буд, туҳфаҳои хотиравии раиси вилоят тақдим карда шуд.

Добавить комментарий