Дар вилояти Хатлон то кунун беш аз 10 муассиаи таълимӣ дар вагон ва хонаҳо фаъолият доранд, ки ин ба раванди таълиму тарбияи хонандагон халали ҷиддӣ мерасонад.

Муовини раиси вилояти Хатлон  Махфират Хидирзода  дар  Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум гуфт, соли таҳсили 2018-2019  дар вилоят 21 муассисаи таълимӣ дар вагонҳо ва хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир буданд, ки имсол 12 адади он бароварда шудаанд.

Ҳамчунин, ӯ гуфт, дар баъзе аз ноҳияҳо то ҳанӯз  хонандагон дар се баст ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

— Бо сабаби ҷудо нагардидани қитъаи замин ва маблағҳои зарурӣ кор роҳи ҳал пайдо накардааст. Дар доираи барномаи марбута 39 иншооти нақшавӣ бунёд гардидааст, ки қонеъкунанда нест, — гуфт Махфират Хидирзода.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here