Аз соли 2010 то  2016 барои оилаҳои эҳтиёҷманд 10 ҳазору 108 гектар замин ҷудо карда шудааст.

Зимни нишасти хабарии Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон муовини сардори ин кумита Хоҷазода Амирали гуфт, ки аз ин заминҳо беш аз 8 ҳазору 454 гектараш ба 73 ҳазору 179 нафар эҳтиёҷманд тақсим карда шудааст.

Гуфта шуд, барои гирифтани замин 186 ҳазору 818 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд муроҷиат  карда буданд.

Ҳоло дар вилояти Хатлон соҳиб шудан ба замин мушкилии калидии сокинони эҳтиёҷманд гаштааст.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Добавить комментарий