Айни замон дар дохили беморхонаи мазкур сохтмони як бинои замонавӣ бо маром иддома дорад, ки дар сохтмони  бино ва воридсозии таҷҳизот 10 миллион евро сарф хоҳад шуд.

Сардухтури беморхонаи килиникии вилояти Хатлон Алихон Нуралиев гуфт, ки бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Олмон дар дохили беморхона сохтмони маркази перенаталӣ идома дорад.

Ӯ гуфт ,арзиши лоиҳаи он 10 миллион евроро ташкил дода, 7 миллиони он барои сохтмон ва 3 миллион барои харидории таҷҳизотӣ муосири таббӣ сарф хоҳад шуд.

Сардухтури беморхонаи мазкур иттилоъ дод, ки сохтмони марказ моҳи ноябри соли 2017 оғоз гардида, моҳи апрели соли 2020-ум бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Таҷҳизоти марказ аз Олмон ворид карда шуда, табибон дар Латвия ва Олмон такмили ихтисос хоҳанд кард.

Соли гузашта зиёда  25 нафар табиби беморхона ба давлатҳои хориҷа,  аз он ҷумла Ҳиндустон, Латвия, Қазоқистон, Русия, Белорус ва ба дигар кишварҳо сафар карда, малакаи касбии худро сайқал доданд.

— Дар назар аст, ки зимни ҷароҳиҳо аз тариқи интернет, яъне онлайн маслиҳати духтурони таҷрибадори Ҳиндустон ва Олмон истифода шавад, — илова кард Алихон Нуралиев ва афзуд, ки дар назди беморхона маркази иваз кардани узвҳои даруна низ таъсис дода мешавад.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки соли гузшата ба беморхона бо харҷи 230 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ  воридкарда шуда, ду шуъба аз таъмири асосӣ бо харҷи  190 ҳазор сомонӣ бароварда шуда, ҳоло дар  шӯъбаи бемориҳои гушу гулӯву бинӣ  таъмири асосӣ идома дорад, ки харҷи он 220 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар боробари таъмири биноҳо ва сохтмони иншооти нав ҳоло корҳои ободонӣ дар саҳни беморхона бо маром идома дорад.

Сардухтур афзуд дар оянда мо кӯшиш мекунем, ки ҳама камбудиҳои ҷойдошта дар ин беморхонаро бартараф намуда, хизматрасонии тиббиро боз ҳам ба аҳолӣ беҳтар кунем.

Алихон Нуралиев, сардухтури беморхонаи мазкур афзуд, беморхона ҳоло дорои  20 шӯъба табобатӣ ва 8 ҳуҷраи ёрасонӣ ва беш аз 600 кат мебошад, ки ҳамарӯза таббибони ин макон ба сокинони вилоят хизмати тиббиӣ расонида истодаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here