Банкоматҳо ва POS-терминалҳо, ки тайи чанд рузи охир дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо сабаби нуқси техникӣ кор намекарданд, аз имруз дубора фаъол шуданд.

Масъулони филиали 42-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Бохтари виояти Хатлон ба “Фараж” иттилоъ доданд, ки аз субҳи имрӯз 30 банкомат ва садҳо POS-терминал, ки бо саббаи корҳои техникӣ панҷ рӯз фаъол набуданд, дубора ба кор даромаданд.

Муштариёни “Амонатбонк” метавонанд бе мушкил маблағҳои худро тариқи кортҳо аз банкоматҳо дастрас кунанд.

— Ҳоло дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 33 банкомат фаъолият мекунад, ки аз он алҳол 3 ададаш фаъол нест ва дар 30 банкомати дигар беш аз 5 миллиону 193 ҳазор сомонӣ мавҷуд аст, — гуфтанд масъулони бонки мазкур.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here