Дар 9 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 5 ҳазору 14 ҳолати қонуншиканӣ дар самти замин ба қайд гирифта шудааст ва қонуншикан ба маблағи 1 миллиону 686 ҳазору 225 сомонӣ ҷарима шудаанд.

dav

Сармутахассиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Мирзохон Менглиқулов зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки  майдони замини ғайриқонунии ошкоршуда 3 ҳазору 16 гектарро ташкил медиҳад.

— Аз 5 ҳазору 14 қонуншикании замин 425 ҳолати он ғасби худсаронаи замин мебошад, ки майдони он 82 гектарро ташкил медиҳад.  Шахсоне, ки заминҳоро худсарона ғасб карда буданд ба маблағи 203 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима шудаанд, — қайд кард ӯ.

Гуфта шуд, ки бештари қонуншиканӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вахш (268 ҳолат), Ҷалолиддини Балхӣ (308), Панҷ (368), Қубодиён (275), Кӯшониён (156), ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ (283), Данғара (153),  Ҳамадонӣ (122) ва ноҳияи Восеъ (146) ба қайд гирифта шудааст.

Замин моликияти давлат буда хариду фуруш ва ғасби худсаронаи он ҷавогарии ҷиноятӣ дорад, аммо баъзе сокинон дидаву дониста даст ба қонуншиканӣ мезананд.

Ба хотири пешгирӣ аз ғасби худсаронаи замин ва ғайримақсаднок истифода бурдани он аз тарфи кормандони Кумитаи замини вилоят ва идораҳои замини шаҳру ноҳияҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here