Дар як солу шаш моҳ 8 суръатсанҷи кормандони БДА-и вилояти Хатлонро барои дақиқ нишон надодани суръат ва иллат доштанашон амрномаи манъ доданд.
Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ сардори «Тоҷикистандарт»-и вилояти Хатлон  Саидализода Ҷӯрахон қайд намуд.
Ҳамчунин ӯ иттилоъ дод, ки дар ин давра аз тарафи мутахассисони марказ 41 суръатсанҷ ба истилоҳ «радар»-и кормандони БДА-и вилоят аз санҷиш гузаронида шуд, ки дар рафти санҷиш 2 адад суръатсанҷҳо бо сабаби дақиқ нишон надодани суръати воситаҳои нақлиёт ва иллат доштанашон амрномаи манъ дода шуд.
— Соли гузашта низ ба 6 суръатсанҷи кормандони БДА-и вилоят амрномаи манъ дода шуда буд,- илова кард ӯ.
Ба гуфти манбаъ, аз тарафи мутахассисони ин ниҳод танҳо дар як сол суръатсанҷҳои нозирони роҳ аз санҷиш гузаронида мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки ронандаҳои воситаҳои нақлиёт ҳамеша аз дақиқ нишон надодани суръатсанҷҳои нозирони роҳ шикоят мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here