Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, чанде пеш, намояндаи “Neusoft Medical Corporation”-и Чин Дан Занро ба ҳузур пазируфт. Дар ин вохурӣ  аз ҷониби ширкати мазкур маълум карда шуд, ки ширкат ният дорад дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Восеъ, Фархор, Шаҳритуз ва Ҷалолиддини Балхӣ марказҳои ташхисию табобатӣ бунёд кунад.

Гуфта шуд, ки дар баробари ин марказҳо бо муосиртарин дастгоҳҳо муҷаҳҳаз гардонида, ба ин марказҳо мутахассисони соҳибтаҳассус ҷалб карду хоҳанд шуд. Дар ин бора аз Ҳукумати вилояти Хатлон  ба мо хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, намояндаи ширкати “Neusoft Medical Corporation”-и Чин Дан Зан зимни мулоқот барои ҳамкории мутақобилан судманд ва дастгирии ҳамешагӣ изҳори сипос кард. Вай афзуд, ки ширкат омода аст, ин гуна марказҳоро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳ монад ва барои таъмини марказҳои ташхисию табобатӣ мутахассосони маҳаллиро омода созад.

Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон барои васеъ ба роҳ мондани ҳамкориҳо изҳори умедворӣ карда, иброз дошт, ки дар баробари фаъолияти хуби ширкати мазкур мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон омода аст, дар шаҳру ноҳияҳо барои ҷудо кардани маконҳои муносиб барои сохтан ва ба истифода додан марказҳои ташхисию табобатӣ мусоидат кунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here