Дар деҳаҳои вилояти Хатлон 2 миллиону 600 ҳазор нафар умр ба сар мебаранд, ки аз он каму беш  5 дарсад бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин буда,  боқӣ дар орзуи оби тазаанд.

Омили таъмин набудани аҳолии деҳоти вилояти Хатлонро бо оби тозаи ошомиданӣ сардори Раёсати истифодабарии оби нӯшокии деҳот ва чарогоҳҳои вилояти Хатлон Ҷумъабой Ғозиев, маблағгузори нашуан аз ҷониби мақомотҳои маҳаллӣ арзёбӣ намуд.

— Мақомоти маҳалии шаҳру ноҳияҳо барои таъмини аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ даҳсолоҳо боз ҳатто як сомонӣ ҳам ҷудо накарданд, — илова кард ӯ.

Масъулони  КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар вилояти Хатлон, низ гуфтанд, ки  дар самти таъминоти аҳолии деҳоти вилояти Хатлон то ин замон аз ягон манбаъ маблағгузорӣ нашудааст.

Муовини сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Икром Барфаков, қайд кард, ки 20,8 дарсади аҳолӣ дар деҳот бо оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ доранд. Боқӣ аз оби дарёҳо, ҷӯю каналҳо, обҳои кашонида ва обкашҳои дастии зеризаминӣ эҳтиёҷоти худро бароварда месозанд.

— Безарар будани ин гуна обҳоро мо кафолат дода наметавонем, — илова кард ӯ.

Аз сараёсати омори вилояти Хатлон хабар доданд, ки  ҳоло дар ин вилоят 1 ҳазору 601 деҳа буда, дар онҳо зиёда аз 2 миллиону 684 ҳазор нафар умр ба сар мебаранд, ки 92 ҳазору 14 нафари онҳо бо оби тозаи ошомиданӣ таъминанду халос.

Аз сабаби набудани оби тозаи ошомиданӣ 2,5 миллион аҳолии деҳоти вилояти Хатлон бештар аз обҳои  ҷӯйҳо, барфу борон ва зеризаминӣ истифода мебаранд, ки ин омил боиси сар задани бемориҳои сироятӣ мегардад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here