Дар нимсолаи аввали соли 2019 дар вилояти Хатлон 81 ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 адад кам аст.
Прокурори вилояти Хатлон Маҳмудзода Насрулло зимни нишасти матбуотиаш қайд намуд, ки 10 адад парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 109-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва тафтиш карда шудаанд.
— Дар ин давра оид ба ҷиноятҳои куштор ва сӯиқасд ба он 15 адад парвандаи ҷиноятӣ ба итмом расида, ба суд фиристода шуда, тафтишоти дигар парвандаҳои ҷиноятӣ айни замон идома дорад,- илова кард прокурор. Ӯ гуфт, ки ҷиноятҳои таҷовуз ба номус дар ин давраи соли равон 10 адад ба қайд гирифта шудааст. Ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда пурра ошкор гардида, тафтишот идома дорад.
Ба иттилои Маҳмудзода Насрулло, 3158 ҷиноят дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 324 ҷиноят кам аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here