Соли 2019-ум аз ҷониби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 533 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро ошкор намуданд, ки аз ин ҳисоб 134-тоашро ҷиноятҳои вазнин ташлкил медиҳанд. Дар ин  бора 6-уми феврал  сардори Раёсати мазкур дар нашасти хабарӣ маълумот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиноятҳои характери коррупсионидошта вобаста ба замин дар ин давра аз ҷониби кормандони Раёсат 128 ҷиноятӣ вобаста ба замин ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентӣ дар вилоят 213 тафтишу санҷишҳои фаъолияти молиявию хоҷагии корхонаю ташкилотҳо, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳоро гузарониданд. Дар натиҷаи санҷишҳо ба маблағи 6 миллиону 466 ҳазору 339 сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд.

— Ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтӣ ва босамари нақшаи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-20202” ва санҷиши фаъолияти комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия аз тарафи кормандони шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсат дар ноҳияҳои Панҷ, Вахш, Дӯстӣ, Ёвон, Кушониён, Темурмалик, Балҷувон, Восеъ, Фархор, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Носири Хусрав, Данғара, шаҳри Левакант, Ҷалолиддини Балхӣ, шаҳри Бохтар ва чанде аз ташкилоту идораҳои вилояти Хатлон 178 санҷиш таъйин карда шуда, 103 пешниҳод оид ба бартараф намудани сабабу шароитҳо ба коррупсия мусоидкунанда ирсол карда шуд, — гуфтанд дар нишасти матбуотӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки нисбати 121 нафар шахсони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии шаҳру ноҳияҳо ва корхонаю ташкилотҳои болозикр барои иҷро накардани чорабиниҳои барномаҳои давлатии зидикоррупсионӣ бо дастрасии моддаи 663 эзоҳи 1-и Кодеси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, ба маблағи 132 ҳазору 300 сомонӣ ҷарима таъйин карда шуда, маблағи мазкур пурра ба буҷет ворид шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here