То имрӯз дар ноҳияҳои Ёвон, Балҷувон, Ховалинг ва Муъминобод боғҳои фарҳангиву фароғатӣ тамоман вуҷуд надоранд ва сокинони ин ноҳияҳо дар орзуи чунин боғҳо мебошанд.

Сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Аловиддин Абдулоев зимни нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 28-январи соли 2019 баргузор гардид гуфт, ки ҳоло дар вилоят 21 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ фаъолият дорад, ки чанде аз онҳо ба талаботи рӯз ҷавобгу нест.

Гуфта шуд, ки мушкилии дигар дар соҳаи фарҳанги вилоят таъмирталаб ва садамавӣ будани 31 китобхона, 3 осорхона ва таъсис надодани  осорхонаҳои таърихиву кишваршиносӣ дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун, Вахш, Кӯшониён, Панҷ, Восеъ, Муъминобод, Шамсидини Шоҳин ва Данғара  мебошад.

Инчунин, аз норасоии  сару либосҳои саҳнавӣ, асбобҳои халқӣ ва барқӣ, воситаҳои тақвияти овоз, надоштнаи нақлиёти сафарӣ, мизу курсӣ, рафҳои китобмонӣ, китобҳои тозанашр ва  компютеру принтерҳо корманадони фарҳанги вилоят танқисӣ мекашанд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Добавить комментарий