Дар вилояти Хатлон соли таҳсили 2017-2018-ум 32 хонанда даст ба худкуши задаанд, ки ин омил боиси нигаронии кормандони Раёсати маорифи вилоят гардидааст.

Корманди Раёсати маорифи вилояти Хатлон Шукрзода Малика зимини нишасти матбуотӣ гуфт ки бештари хонандагоне, ки худкушӣ кардаанд, гирифтори бемории рӯҳӣ будаанд.

Ҳамчунин манбаъ аз зиёд шудани вазъиҷчинояткори миёни ноболиғон нигаронӣ карда, афзуд, ки дар ин солҳо аз ҷониби ноболиғон 223 ҳолати ҷиноят рух додааст, ки аз ин 97 нафар хонандагони мактабҳо мебошанд. Ин шумора нисбати соли таҳсили 2016-2017-ум 42 ҳолат зиёд аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here