Дар шаш моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 219 ҷиноят аз ҷониби занон содир шудааст, ки 58 ҳолати он ба қаллобӣ рабт дорад.

Ин нуқтаро сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилаи вилояти Хатлон Солеҳзода Искандар, зимни нишасти хабарӣ, ки имрӯз доир гашт, иброз намуд. Ба гуфтаи ӯ, бештари ҷиноятҳои содиршуда аз ҷумл — ақалобӣ, дуздӣ, авбошӣ ва дигар ҷиноятҳо аз ҷониби занон сурат мегирад.

Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли 2019 аз тарафи 4 корманди Раёсати мазкур 5 ҷиноят содир шудааст, ки яке онҳо қаллобӣ аст.

Сардори Раёсат иттилоъ дод, ки дар ин давра 91 клограм маводи мухаддир аз муомилот гирифта шудааст.

Ҳамчунин ӯ афзуд, ки 245 ашхосе, ки дар кофтуков буданд, дастгир шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here