Имсол аз вилояти Хатлон 182 ҳазору 340 кӯдаку навраси ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва бачагони лаёқатманд дар таҳсил ба истироҳатгоҳҳои тобистона ҷалб хоҳанд шуд.

Сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Хатлон Давлат Сафаров зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки аз 182 ҳазору 340 кӯдаку наврасе, ки имсол ба истироҳатгоҳҳо мераванд, 33 ҳазору 200 нафар ба муассисаҳои томактабӣ, 7 ҳазору 340 нафар ба муассисаҳои интернатӣ, 22 ҳазору 300 ба истироҳатгоҳҳои фароғатӣ, 1 ҳазору 230 — меҳнатӣ, 11 ҳазору 360 — варзишю беҳдоштӣ, 89 ҳазору 600 — фароғативу таълимӣ ва 6 ҳазору 180 кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳҳои берун аз шаҳрӣ фаро гирифта мешаванд.

Ба гуфти ин масъул, ҳоло дар ҳудуди вилояти Хатлон 6 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ фаъолият мекунанд, ки айни ҳол дар онҳо корҳои таъмиру тармим идома доранд.

Зикр карда шуд, ки ба ҷуз ин, аз ҳисоби маблағҳои Шӯрои Иттифоқи касабаи вилояти Хатлон кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва бачагони лаёқатманд ба истироҳатгоҳои «Чангоб», «Ҳамсафар», «Қаратоғ», «Файзи Истиқлол», «Ширкент», «Обшорон», «Шоҳин», «Насими куҳсор» ва дигар истироҳатгоҳҳои вилояти Суғд сафарбар карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки барои фарогирии кӯдакони вилояти Хатлон 6 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ кам аст, зеро аз 182 ҳазору 340 кӯдаку наврасе, ки имсол ба истироҳатгоҳҳо ҷалб мешаванд, танҳо 6 ҳазору 180 нафараш ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ фаро гирифта мешаванд, ки ин шумораи ночиз аст. Истироҳтгоҳе, ки дар муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо, муассисаҳои интернатӣ ва дигар ҷойҳо ташкил мешаванд, тамоман ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here