Дар вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли равон 145 ҳодисаи сухтор рух додааст, ки дар натиҷаи он 3 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Аз Раёсати хадамоти оташнишонии вилояти  Хатлон ба мо хабар доданд, ки маблағи зарар аз  сухтор беш аз  1 милиону 65 хазор сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои расида амволе, ки аз ҳодисаҳои сухтор наҷот дода шудаанд, 27 милону 260 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳанд.

Афроде, ки ҳангоми сухторҳо вафот кардаанд, аз сокинони шаҳри Кулоб, Кӯшониён ва ноҳияи Мир Сайи Алӣ Ҳамадонӣ буданд.

Добавить комментарий