Масъулини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон даст доштанашонро дар баланд бардоштани нархи симкортҳо то 250 сомонӣ дар авоили соли равон ва тибқи тарифи ягон фаъолият кардани ширкатҳои мобилӣ, ки ахиран бо як фармони Президенти кишвар манъ шуд, рад карданд. Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, нафарони дар ин иқдом дастдошта, ки боиси нороҳатии шаҳрвандон ва ба таҳлука афтодани онҳо гаштаанд, муҷозот карда хоҳанд шуд.

Муовини раиси Хадамоти алоқаи кишвар Илҳомҷон Атоев имрӯз, 15 — уми июл дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, баланд бардоштани нархи симкортҳои мобилӣ ва фаъолияти тарифҳои ягона пешниҳоди онҳо набуд.

— Ҳамон шабу рӯз ба мо занг мезаданд, мепурсиданд. Ин пешниҳоди мо набуд ва бинобар ин, касе аз кормандони мо муҷозот карда нашудааст, — гуфт муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.

Номбурда ба суоли он ки агар мардум дар сурати то 15-уми август шиносномаҳояшро иваз карда натавонанд ва симкортхояшонро натавонанд дубора сабти ном кунанд, Хадамоти алоқа метавонад дар мавриди тамдиди муҳлати гирифтани шиносномаҳояшон ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд, Илҳомҷон Атоев, гуфт, «Бале, мо метавонанд, лекин шумо ҳамин калимаро дуруст нависед, «сенсатсия» накунед».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here