Паҳлавони маъруфи Русия Ҳабиб Нурмухаммедов барои хархашаву ҷанҷолаш дар анҷоми  набард бо ирландӣ Конор Макгрегор ба муддати 9 моҳ аз мусобиқаҳо барканор карда шуд.

Ин қарорро комиссияи варзишии иёлати Невадаи ИМА баровардааст. Макгрегор низ ҷазо гирифтааст. Ӯ ба муддати 6 моҳ аз набардҳо маҳрум шудааст. Ин варзишгарон ҷарима ҳам шудаанд. Нурмухамедов ба маблағи 500 000 доллар ва Конор ба маблағи 50 000 доллар бояд ҷарима супоранд. Муҳлати барканории Ҳабиб аз 6-уми октябри соли 2018 ҳисобида мешавад. Гуфта мешавад, ки агар Ҳабиб дар таблиғоти иҷтимоӣ муқобили буллинг – қулдурӣ дар мактаб ширкат кунад, муҳлати ҷазояш то 6 моҳ кам карда мешавад.

Добавить комментарий