Шаби гузашта собиқ хабарнигори минтақавии МТЖТ Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки айни замон дар Агентии иттилоотии “Азия-Плюс” кор мекунад, замони аз мағоза ба хона баргаштанаш, мавриди ҳамла ва латукӯби афроди номаълум шудааст.

Ин ҳодиса тахминан соати 21:20 дар маҳалли бозори Корвон рух додааст ва чун ҳамлаварон дар рӯй ниқоби тиббӣ доштаанд, хабарнигор чеҳраашонро надидааст. “Ҳис кардам, ки касе аз пасам медавад. Фурсат пайдо накардам, ки чеҳраашонро бинам. Вақте ба қафо нигоҳ кардам, як нафар ба ман зарба зад. Рӯямро маҳкам карданд ва дунафара латтукӯбам карданд. Дод задам, онҳо гурехтанд”.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ мегӯяд, пас аз ҳодиса барои муоина ба бемористони бемориҳои сӯхта муроҷиат кардааст чун дар беморхонаҳои “Истиқлол” ва “Қарияи боло”, бо сабаби қаратин, ӯро қабул накардаанд. Пас аз муроҷиат ба кормандони милисаи ноҳияи Рӯдакӣ, аз ӯ дар бораи ҳодиса баёнот гирифтаанд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳодисаи мазкурро тасодуфӣ намедонад ва гуфтааст, ки қаблан низ шахсони номаълум чанд бори дигар ба ӯ занг зада таҳдидаш кардаанд.

Добавить комментарий