Хабарнигори Оҷонсии иттилоотии «Sugdnews» Холиқназар Ҷумъаев сазовори ҷойи дуюм дар озмуни минтақавии “Хомаи созанда-2018” дар вилояти Суғд гардид.

Натиҷаи озмуни минтақавии “Хомаи созанда-2018” 5-уми феврали соли 2019 эълон гардид. Маросими ҷоизасупорӣ бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуотии раиси вилояти Суғд, дар соли равон 60 нафар рӯзноманигор ба озмун матлабҳои худро пешниҳод кардаанд. Ба ҷойҳои арзанда зиёда аз 30 намояндаи ВАО қадрдонӣ гардид. Дар қатори онҳо хабарнигори Оҷонсии иттилоотии «Sugdnews» Холиқназар Ҷумъаев сазовори ҷойи дуюм гардид.

Бояд қайд кард, ки озмуни минтақавии «Хомаи созанда» ҳамасола бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гузаронида мешавад. Дар соли ҷорӣ чорум марҳилаи ин озмун ҷамъбаст гардид.

Добавить комментарий