Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2019 гардиши тиҷорати хориҷии кишвар ба 4 443,6 миллион доллар баробар шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2018–ум 224,2 миллион доллар (4 219,4 миллион), ё 5,3 дарсад зиёд будааст.

Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки кишвар Азим Турсунзода имрӯз, 12-уми феврал, дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, аз ҳаҷми умумии гардиши мол 3 327,7 миллион доллар ба воридоти мол ва 1 115,9 миллион доллар ба содироти он рост омадааст, ки мутаносибан воридот ба маблағи 182,1 миллион ва содирот ба маблағи 42,0 миллион доллари амрикоӣ афзоиш ёфтааст.

–  Дар соли сипаришуда бо 116 мамлакати ҷаҳон амалиёти содиротию воридоти молу маҳсулот ба анҷом расонида шудааст. Ҳаҷми умумии содирот ба кишварҳои хориҷи наздик 40,3 дарсад ё 449,8 миллион доллар ва ба давлатҳои хориҷи дур 59,7 фоиз ё 666,1 миллион долларро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми асосии содироти мол ба давлатҳои Туркия 21,0 фоиз, Узбекистон 15,4, Швейтсария 20,2, Қазоқистон 19,6, Чин 5,0, Русия 4,0, Афғонистон 3,5, Белгия 1,8 ва Эрон 1,6 дарсадро ташкил дод, – гуфт Турсунзода.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ба Тоҷикистон аз давлатҳои Русия дар ҳаҷми 30,3 фоиз, Қазоқистон 22,2, Хитой 18,2, Узбекистон 5,1, Туркия 4,3, Япония 2,0, Олмон 2,3, Эрон 1,4, Покистон 1,4 ва Украина 1,1 ворид гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here