Як қочоқчии мусаллаҳи афғон, ки мехост тариқи марзи Тоҷикистон миқдори зиёди маводи мухаддиро гузаронад, аз ҷониби сарҳадчиён безарар гардонида шуд. Дар ин бора ВКД ҶТ хабар дод.

14-уми сентябри соли 2017, дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Панҷ, дар ҳудуди деҳаи 15-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳия, яке аз аъзоёни гурӯҳи ҷиноятии қочоқчиёни афғон Гулмаҳмад валади Сабзагул, истиқоматкунандаи вилояти Кундуз, улусволии Эмомсоҳиб, деҳаи Қаламгузар, ки мусаллаҳ буд, ҳангоми бо роҳи ғайриқонунӣ убур намудани сарҳади давлатии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва интиқол додани маводҳои нашъадор дар ҳаҷми махсусан калон безарар гардонида шуд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса 1-адад силоҳи оташфишони тамғаи «Калашников» бо 5-адад тирдон, 81-дона тир, 2-адад норинҷаки дастӣ ва 2 халтаи полиэтилении рангаш сафед бо 50-адад бастаҳои маводи нашъадори навъи «ҳашиш» дарёфт карда шудааст, ки 71 кг будааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here