Як гурӯҳ намояндагони аҳли фарҳангу адаб, мақомоти маҳаллӣ ва воситаҳои ахбори омма дар Самарқанд ба хотири гиромидошти яке аз асосгузорони матбуот, нависанда, мутарҷим, мударрис ва мураббии маъруфи тоҷик Саидризо Ализода гирдиҳам омаданд. Ин гирдиҳамоӣ дар қабристони Панҷоби шаҳр баргузор гардид, ки Саидризо Ализода он ҷо мадфун аст.

Аз иштирокчиёни ин гиромидошт Нусрат Раҳмат, Артур Самарӣ, Зевар Зарбиева, набера ва ташаббускори ин гирдиҳамоӣ Фарҳод  Ализода ба сухан баромада, роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Саидризо Ализода маълумот ироа карданд. Баъд пораҳо аз сураҳои Қуръони маҷид тиловат гардид ва дар ҳақи ин шахсияти фарҳангӣ дуову фотиҳа хонда шуд.

Болои қабри Саидризо Ализода нимтанаи фӯлодӣ гузоштаанд ва дар тахтасанг шарҳи ҳоли вай мухтасар баён шудааст. Атрофи қабр хеле зебо гулкорӣ низ шудааст.

Саидризо Ализода 11-уми марти соли 1887 дар маҳаллаи Боғишамоли шаҳри Самарқанд дида ба дунёи ҳастӣ кушодааст. Мактаби нави ҷадидияро хатм кардааст. Гуфта мешавад, ки Ализода солҳои 1905-1907 дар корпартоиҳои коргарони шаҳри Самарқанд фаъолона ширкат кардааст. Вай ҳамон замон коргари корхонаи бофандагӣ будааст. Солҳои 1909-1919 ҳуруфчини матбааҳои Самарқанд шуда кор кардааст. Баъд котиби ҳизби болшевикии ноҳияи Боғишамоли шаҳри Самарқандро бар дӯш доштааст.

Саидризо Ализода ба нашрияи аввалини тоҷикии замони шӯравӣ – “Шӯълаи инқилоб” (солҳои 1919-1921) муҳаррирӣ кардааст. Баъд ба ҳайси омӯзгори забонҳои арабӣ, форсии тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд фаъолият намудааст.

Саидризо Ализода муаллифи алифбои тоҷикии “Китоби нахустин”, “Дабистони тоҷик”, “Сарфу наҳви тоҷикӣ”, ҳамчунин муҳаррир ва мураттиби аввалин луғати русӣ-тоҷикии иборат аз ду ҷилд, муаллифи мақолаҳои публитсистии “Ба ҳам бипайвандед, эй ранҷбарони ҳамаи ҷаҳон”, “Имрӯз наврӯз аст”, “Ба муносибати хабарҳои Бухоро” ва амсоли он мебошад.

Мавсуф муаллифи шеърҳои зиёд низ ҳаст. Саидризо Ализодаро хонандагони сершумор ба ҳайси тарҷумони асарҳои зиёд, чун “Сад фоиз”-и нависандаи амрикоӣ Э. Синклер, “Дубровский”, “Духтари капитан”, “Моткаи қарамашшоқ”, “Ҳикояҳои Белкин”-и А. Пушкин, “Семент”-и Ф. Гладков, “Пӯлод чӣ тавр обутоб ёфтааст”-и Н. Островсикй, “Каждум аз меҳроб”-и А. Қодирӣ хеле хуб мешиносанд.

Соли 1987 ба муносибати 100-умин солгарди таваллуди Саидризо Ализода дар шаҳри Самарқанд хона-музейи ӯ таъсис ёфтааст. Дар муассисаҳои омӯзишии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистони имрӯза осори Саидризо Ализода омӯхта мешавад.

Соли гузашта дар шаҳри Самарқанд осохонаи қурбониёни низоми сталинӣ боз гардид, ки дар қатори ашёҳои он кору фаъолияти устод Садриддин Айнӣ, Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ, Абдуқодир Шакурӣ, Саидаҳмадхӯҷа Сиддиқи Аҷзӣ, Ҳоҷӣ Мӯин Шукруллоев, ҳамчунин ҳаёти Саидризо Ализода ва фаъолияти ӯ ба таври фаровон ёдоварӣ шудааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, Самарқанд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here