Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар як ҷамъомади тантанавӣ, ки бахшида ба Рӯзи Модар баргузор шудааст, барои зан-модар шеър қироат кардааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, Раҳимзода аз мавқеи зан дар ҷомеа, бахусус дар мақомоти корҳои дохилӣ тавсиф карда, нақши зан-модарро дар шакли назм чунин арзёбӣ кардааст:

Биҳишт, эй ҳамдилон, зери қудуми модарон бошад,

Ҳама дарди ҷаҳон дар қалби модарҳо ниҳон бошад.

Дуъои ҷони фарзандаш кунад дар ҳар ибодат ӯ,

На дар фикри ғами дунё, на дар моли ҷаҳон бошад.

Раҳимзода таъкид кардааст, ки имрӯз занон дар баробари ба дунё овардани тифл, тарбияи фарзанд ва мушкилоти зиндагӣ, боз таъмини суботу оромӣ ва мубориза бо ҷинояткориро бар ӯҳда доранд, ки ин мояи ифтихор аст.

Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фурӯд меоранд”, — гуфтааст ӯ.

Ҳамзамон, ӯ аз занони фаъоли кишвар, намояндагони идораву сохторҳои давлатӣ, бонувоне, ки дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ — иҷтимоии ҷумҳурӣ саҳми арзанда доранд, миннатдории худро баён анмудааст.

Айни замон дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 нафар зан кору фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора зиёда аз 80 нафар дар ҳайати роҳбарикунанда масъулияти баланди касбиро ба ӯҳда доранд”, — изҳор доштааст Раҳимзода.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here