Созмони ҷаҳонии беҳдошт тасмим гирифтааст, ки охири ҳамин ҳафта намояндагони худро ба Тоҷикистон фиристад. Оғози моҳи апрел роҳбари намояндаи СҶБ дар Тоҷикистон Галина Перфилива дар нишасти хабарие дар ҳузури хабарнигорон гуфта буд, ки даар Тоҷикистон бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Баръакси гуфтаҳои пешинааш Галина Перфилиева ҳафтаи гузашта гуфт, ҳеҷ гоҳ сад дар сад нагуфтааст, ки дар Тоҷикистон коронавирус вуҷуд надорад. “Мо то замони фиристодани тестҳо ба хориҷи кишвар ба набудани коронавирус дар Тоҷикистон эътимоди сад дар сад доштем”.

Дар бобати омадани ҳайати кории СҶБ ба Тоҷикистон Галина Перфилиева рӯзи 28-уми апрел дар мусоҳибае ба  радиои “Озодӣ” гуфтааст, ки “вазифаи ҳайат на пайдо кардани ин вирус, балки кӯмак ба табибон дар мубориза ба муқобили коронавирус мебошад”.

— Умедворам, ки ҳайати омада ба мо ёрӣ мекунад, вале ҳама дарк мекунад, ки мо ба коронавирус омода набудем. Дар ин кишвар таҷҳизоти зарурӣ вуҷуд надорад. Ба ёрии донору шариконамон умед мебандем, — гуфтааст Галина Перфилиева. – Медонем, ки ба кишвар бори зиёди ёриҳо ва таҷҳизоти муҳофизатӣ ворид мешавад. Умедворам, ки ин ҳайат ба мо кӯмак мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here