Дастаи мунтахаби футболи толории Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2019 роҳхат гирифт.

Пас аз натиҷагирии марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2019 дастаҳои футболи толории Қирғизистон, Афғонистон, Тоҷикистон аз минтақаи Осиёи Марказӣ, Лубнон, Ироқ, Арабистони Саудӣ аз минтақаи Ғарб, Ҷопон, Тайбэйи Чин аз минтақаи Шарқ, Тайланд, Ветнам ва Индонезия аз минтақаи Уқёнус ҳаққи иштирок дар марҳилаи финалии чемпионатро ба даст оварданд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футзалчии Тоҷикистон дар даври интихобӣ дар вохӯрии охирин (барои ҷойи сеюм ва роҳхати даври финалии ЧО-2019) аз дастаи Афғонистон мағлуб шуд ва имкони ба даври финалӣ баромаданро аз даст дод. Дар ҷамъбаст дастаҳои Эрон, Қирғизистон ва Афғонистон соҳиби роҳхат шуданд. Эрон, ки мизбони даври финалии мусобиқа интихоб шудааст, бе назардошти ин натиҷа дар ин марҳала ширкат хоҳад кард. Ҳамин тавр як роҳхати дингар аз Осиёи Марказӣ ба дастаи навбатӣ мерасид, ки ин ҷавонони  Тоҷикистон буданд.

Дар мавсими думюи Чемпионати футболи толории Осиё миёни ҷавонон, ки соли оянда дар Эрон доир мегардад, 12 даста иштирок мекунанд. Дастаҳо тибқи қуръакашӣ ба се гурӯҳи 4-дастаӣ тақсим шуда, барои унвон мубориза мебаранд.

Добавить комментарий